Ваъдаи раиси “Барқи тоҷик”: “Лимит”-ро барвақттар лағв мекунем
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ваъда дод, ки соли равон маҳдудият дар таъмини мардуми навоҳӣ бо нерӯи барқ барвақттар лағв хоҳад шуд.
Исмоилзода, имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан мардуми навоҳии кишвар 14 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин мебошанд. Ӯ афзуд, ки бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво маҳдудияти интиқоли барқ ба мардум нисбати солҳои пешӣ барвақттар бардошта хоҳад шуд.