(ВИДЕО) Муҳоҷири тоҷик: Ҳамшаҳриям таҳдид кард, ки дӯстони каллабураш сарамро аз тан ҷудо мекунанд
Як муҳоҷири 44-солаи тоҷик мегӯяд, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ӯро таҳдид ба куштан кардааст. Ба қавли Сайдалӣ Шоев гуноҳи ӯ танҳо ин буд, ки маблағи худашро талаб кард.
Ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, дар навори видеоие мегӯяд, 6 сол қабл ба Сайҳомид Давлатов, як шаҳрванди Тоҷикистон 12 ҳазору 950 доллар ва 69 ҳазори рубли русӣ қарз дода буд, аммо ҳанӯз ба гирифтани он муваффақ нашудааст. “Вақти пулро гирифтан ваъда дод, як моҳ пас бармегардонад. Давоми 5-6 сол шумораи телефонашро намедонистам, ҳоло онро пайдо кардам. Аммо ӯ маро таҳдид кард, ки дӯстони каллабур дорад ва сари маро мегиранд”,-мегӯяд Сайдалӣ.
Ӯ барои ҳалли мушкилаш аз Каромат Шарипов, роҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” кумак хостааст ва навори видеоӣ ҳам дар сомонаи ин ҷунбиш нашр шудааст.