Тоҷикистон ин моҳ низ ҷойи 148-ро муаррифӣ мекунад
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) мавқеашро тағйир надода, щамоно дар ҷойи 148-ум қарор дорад.
Бар асоси рейтинги FIFA, ки имрӯз, 4 феврал нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 196 имтиёз мисли моҳи қабл мақоми 148-ро муаррифӣ мекунад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар зинаи 71-ум қарор дорад. Қазоқистон дар ҷойи 131, Туркманистон – 114 ва Қирғизистон дар зинаи 105-уманд.
Дар садри раддабандӣ тими миллии Белгия қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Аргентина ва мақоми сеюмро Испания соҳиб шудааст. Олмон, Чили, Бразилия, Португалия, Колумбия, Англия ва Австрия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.