Хулосаи Суди конститутсионӣ: Тағйирот Сарқонунро таҳким мебахшанд
Суди конститутсионии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал пешниҳоди парлумон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, онро мутобиқ ба Конститутсия донист.
Тибқи иттилои ин ниҳод тағйироте, ки аз ҷониби парлумон барои ворид намудан ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, хилофи меъёрҳои сарқонун нестанд.
Зимни баррасӣ дар Суди конститутсионӣ таъкид гардидаст, ки тағйироти пешниҳодшуда ба марҳилаи имрўзаи рушди давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳр-вандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд: “Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи Тоҷикистон мувофиқ мебошанд”.
Қаблан Маҳмадалӣ Ватанов, вакил ва феълан намояндаи президент дар парлумон изҳор дошта буд, ки баъди хулосаи Суди конститутсионӣ матни тағйиру иловаҳо пешниҳоди омма мегардаду санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян мешавад.
Ватанов изҳор дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодшуда аз қонуни асосӣ мафҳуми Сарқонун гирифта, хоҳад шуд, чун калимаи Конститутсия моҳияти ин санадро комилан ифода мекунад.
Инчунин ба гуфтаи Ватанов тибқи тағйирот Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш ба президентӣ бархӯрдор хоҳад шуд: “Муқаррароти конститутсия, ки як нафар ҳамагӣ ду бор ҳаққи пайдарҳам президентшавиро дорад, ба Пешвои Миллат дахл нахоҳад дошт”.
Дар баробари ин синни номзадҳо ба президентӣ аз 35-соли феълӣ ба 30 сол поин оварда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон илова намуд, ки дар баробари поин овардани синни номзадӣ ба президент, ки роҳ барои ҷавононро мекушояд, тибқи тағйироти пешниҳодшуда аъзои ҳукумат пеш аз оғози кор савганд ёд хоҳанд кард. Ӯ илова намуд, ки тибқи тағйирот Шӯрои адлияи Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
Бар асоси пешниҳоди вакилони парлумон Конститутсияи нав инчунин мавҷудияти ҳизби хусусияти динидошта дар Тоҷикистон ва маблағгузории аҳзоби сиёсӣ аз хориҷи кишварро мамнуъ хоҳад кард.