Истиқболи Аслов аз “обшавии яхҳо” миёни Тоҷикистону Узбакистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 4 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе аз пешрафт дар муносибот бо Узбакистон суҳбат кард.
Аслов, зимни ин нишаст, ки бо ҳузури сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе идома дорад, изҳор дошт, ки соли 2015 муносибот бо Узбакистон такони тоза касб карданд. Ӯ аз беҳбуди муносибот бо Узбакистон истиқбол карда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои созанда бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Суҳбати Аслов дар ҳолест, ки соли 2015 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон ва сафари ҳайати дипломатҳои Узбакистон ба Душанбе сурат гирифт.
“Обшавии яхҳо” дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоле ба назар мерасад, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишвар дар соли 1992 қатъ шуда буд. Пас аз 8 сол, аз соли 2000, бо ташаббуси Тошканд байни ду кишвар раводид ҷорӣ гардид. Соли 2001, ҷониби Узбакистон бо баҳонаи муҳофизати қаламрави худ аз Ҳаракати исломии Узбакистон минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистонро минагузорӣ намуда буд. Аммо ахиран хабарҳо аз ҳар ду кишвар барои беҳтар сохтани муносибатҳои ҳамсоягӣ зиёдтар шудаанд.