Ғарқшавии “тангем” бо мусофирон дар пайи яхбандии роҳҳо дар Бадахшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 3 феврал дар вилояти Бадахшон автомашинаи тамғаи “Чанху”, ё худ “тангем” бо мусофиронаш дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, автомашинаи чанху таҳти идораи марди 46-сола, сокини ноҳияи Шуғнон аз самти деҳаи Ёмҷ ба самти шаҳри Хоруғ ҳаракат дошт: “Ронанда дар роҳи яхбаста аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаст ва автомашина лағжида, ба дарёи Панҷ ғарқ шудааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар натиҷа, мусофирони автомашина - занҳои 48 ва 60-сола, сокинони ноҳияи Шуғнон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.