Мусодираи 80 ҳазор рубли қалбакӣ аз сокини Мастчоҳ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 31-солаи шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми омода кардани пулҳои тақаллубӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ин мард, ки дар ноҳияи Мастчоҳ мезистааст, 3 феврали соли равон дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст: “Аз гумонбаршуда ба миқдори 80 ҳазор рубли русии қалбакӣ дарёфт ва мусодира гардид, ки онҳоро мехост дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ба муомилот барорад”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 281 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.