АКСУ ВИДЕО: Хонаводаи Қурбоналии 17-сола ёрӣ мехоҳад
Раҷабалӣ Саидов, ки писари 17-солааш ҳанӯз аз замони зода шуданаш маълул аст, аз мардуми хайрхоҳ кумак мехоҳад.
Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ба хулосаи табибон Қурбоналӣ ба бемории резасарӣ бо хозали чоргона зиёдтар аз тарафи рост бо ақибмонии инкишофи ақлу ҷисм ва синдроми хуруҷҳо (микроцефалия с правосторонним гемипарезом, судорожным синдромом и задержкой психоречевого развития) мубтало аст ва қобилияти сухан гуфтан, роҳ гаштану мустақиман ғизо хӯрданро надорад.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Саидов, чанд сол қабл ҳуҷҷатҳои ӯро барои ташхис ба хориҷи кишвар фиристодаанд, аммо посух омада, ки барои муолиҷаи вай маблағи зиёд масраф мешавад, аммо бештари мутахассисон гуфтаанд ин беморӣ табобатнашаванда аст. “Қурбоналӣ беморхонаро дӯст намедорад,-мегӯяд Саидов,-зуд ҳолати равониаш бад мешавад, аммо тамошо ва миёни одамон буданро зиёд дӯст медорад”.
Ба гуфтаи падари Қурбоналӣ, барои нигоҳубини ӯ маблағи зиёд лозим аст: “Ҳамарӯза панҷ дона памперс истифода мебарад, ки ҳар донаи он панҷ сомонӣ нарх дорад. Барои ором кардани асабҳо ва ҳазми хӯрок чанд доруе истеъмол мекунад, ки гаронарзишанд”.
Гуруҳи маъюбии Қурбоналӣ бо сабаби ба 18 нарасиданаш муайян нашуда, ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақа мегирад. Бо ин ҳол, Раҷабалӣ ягона ноновари хона буда, дар Ватан кори доимӣ надорад. Мисли ҳазорҳо ҳамватани дигар ба Русия мардикорӣ меравад, аммо мегӯяд, ахиран вазъи муҳоҷират низ мушкил шуд: “Солҳои пеш корҳоямон хуб буд, ба қадри имкону тавон маблағ ҷамъ мекардем, аммо имсол худатон шоҳид ҳастед, ки вазъ чӣ гуна аст”.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран маҷбур шуд, ягона гови худро фурӯшад ва ҳоло ҷиҳози хонаашро яке-яке ба савдо мезанад. Раҷабалӣ Саидов аз ҳамаи одамони хайрхоҳ дасти ёрӣ мехоҳад: “Касе тавони кумак дорад, хоҳиш мекунем, дареғ надорад. Ҳатто як памперс ҳам дар ҳоли ҳозир барои мо кумаки бузург ҳисоб мешавад”.
СУҲБАТИ РАҶАБАЛӢ САИДОВРО ДАР БОРАИ ПИСАРАШ ВА АҲВОЛИ ҚУРБОНАЛИИ МАЪЛУЛРО ДАР ИН ВИДЕОИ “ОЗОДАГОН” ТАМОШО КУНЕД
ШУМОРАҲОИ ТЕЛЕФОНИ ПАДАРИ ҚУРБОНАЛӢ САИДОВ (+992) 907-81-44-55, 93-555-65-61