Аз тақдир ҷои гурез нест, аз қарз ҳам...
Шаҳрванди Тоҷикистон мехост аз тиреза гурехта, аз пулис пинҳон шавад.
Нозири минтақавӣ дар вилояти Суғд баъди гирифтани дархости кумак барои ҷустуҷӯи Саид Н. (ном тағйир дода шудааст), ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, ба манзили ӯ омад. Маводи ҷустуҷӯӣ нисбат ба Саид дар пайи нишондоди аз Душанбе расида боз шуда буд. Саид дар Русия аз ҶДММ “ТҚХ МОЛ.БУЛАК.РУ” қарз гирифта, вале онро барнагардонд ва пинҳон шуд. Аз рӯи маълумотҳо ин мард дар Тоҷикистон дар манзили шахсӣ ҳамроҳи зану фарзандонаш зиндагӣ мекард.
Нозири минтақавӣ дарро кӯфт. Аммо касе ба талаби майор ҷавоб надод ва дарро накушод. Корманди милиса хост аз паҳлӯи хона гузашта, тирезаро бикӯбад, вале шоҳиди манзарае гардид: мард мехост аз тиреза ҷаҳад ва занаш ба ӯ кӯмак мекард.
Ба талаби корманди милиса барои кушодани дар ҳамсояҳо зуд посух додаву ҳамагӣ шоҳиди боздошти Саид шуданд. Дар вақти пурсиш Саид шарҳ додани қазияи гузаштаро рад кард. Аммо ҳамсари Саид гуфт: “Намедонам чӣ гӯям. Шавҳарам барои кор ба Маскав рафт ва баъди ду сол баргашт. Ӯ ба ман дар бораи ким-кадом як қарз гуфт, вале аниқ ягон чизеро намедонам. Вақте мошини милиса дар назди хонаи мо истод, дилам безобита шуд. Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки ин ба кори ширкати русиягӣ вобаста аст”.
Саид баъдан иқрор шуд, ки қарз гирифтааст. Нозир шарҳ дод, ки Саид дар гирифтани қарз кафолатдиҳанда аст ва новобаста аз он ки қарздор пардохт кард ё не, то замоне ки қарз пурра пардохта нашавад, Саидро мувофиқи қонун таъқиб мекунанд. Корманди милиса баъди аз қарздор гирифтани забонхат оид ба ҳозир шудан дар назди иҷрочиёни суд, ӯро ҷавоб дод. Акнун Саидро маҳрум шудан аз молу амвол интизор аст.
Тавре ки баъдтар маълум гардид, Саид соли 2013 маблағи қарзо пардохт накард ва дар натиҷа қарзи ӯ афзуда, ба 128 000 рубл расид. Баъди омӯхтани мавод, нозир гуфт, дар асоси қарори суди шаҳри Маскав ва истеҳсолоти иҷроияи қаблан бозшудаи шӯъбаи иҷрочиёни суди Маскав дар Чертаново вуруди Саид ба Русия мамнӯъ шудааст.
Хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии вилояти Суғд суроғаи ширкати қарздиҳандаро дар интернет пайдо намуд ва бо намояндаи Мол Булак аз тариқи телефон дар тамос шуд. Ӯ хоҳиш кард, дар масъалаи танзими қарз суҳбат намоянд ва ӯро бо сардори Идораи ҷустуҷӯ ва рӯёнидани қарз пайвастанд.
“Ширкати Мол Булак минбаъд низ ҳамаи қарздоронро то пурра пардохтани қарз, новобаста аз он ки ӯ кафолатдиҳанда аст ё на, таъқиб хоҳад кард”,- изҳор дошт сардори Идораи ҷустуҷӯ ва рӯёнидани қарз.
Вай афзуд, ширкати Мол Булак аксияи “Некӣ тӯҳфа кун”-ро эълон намудааст, ки дар доираи он ширкат ҳамаи ҷаримаҳои қарздоронро бекор намуда, инчунин, тартиби нави пардохтро бо шартҳои барои қарздорон мувофиқ тартиб медиҳад. Албатта, аксия дар охири моҳи январ ба итмом расида буд, вале дархости зиёди қарздоронро ба ҳисоб гирифта, он то охири моҳи феврал тамдид гардид. Пас аз анҷом ёфтани аксия Мол Булак тасмим гирифтааст ҳамаи қарздоронро бидуни истисно ба суд диҳад ва то пурра пардохт кардани қарз таъқиб намояд. Дар ҷаҳон ҳеч созмони молиявие вуҷуд надорад, ки маблағҳои худро “бахшад” ё “фаромӯш” кунад.
Агар Саид сари вақт муроҷиат мекард, қарзи ӯ метавонист ду баробар камтар гардад. Вақт аз даст рафт, кор оғоз шуд, акнун бояд қарзро пурра пардохт намуд. “Пас аз гирифтани санадҳои судӣ дигар наметавон дар бораи гуфтушунид суҳбат кард. Таъқиб хоҳем кард ва қарзро то охирин танга бо иловаи ҷаримаҳо мерӯёнем. Ширкат нияти бахшидан ва ё фаромӯш кардани қарзро надорад, хоса барои қарздороне ки барои танзими масъалаи худ ҳатто талоше накардаанд”,-изҳор медорад сардори Идораи ҷустуҷӯ ва рӯёнидани қарзи Мол Булак.
Чораи дигар нест, Саид бояд қарзҳои худро ҳатман пардохт намояд.
Барои ҳалли мушкили худ бо телефони ширкати Мол Булак -- 8-800-555-71-71 тамос бигиред.
Дафтари матбуотии “Мол Булак”