Леонардо ДиКаприо нақши Владимир Путинро мебозад
Леонардо ДиКаприо, ҳунарпешаи маъруфи Ҳолливуд барои бозидани нақши Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ризоият додааст.
Ин филм “Путин” ном дошта, нахустнамоиши он баҳори соли 2017 барномарезӣ шудааст. Расонаҳои англисзабони Русия аз қавли манобеи худ навиштаанд, филми мазкур аз ҷониби филмсозони ширкати “Knightsbridge Entertainment” таҳия мешавад. Валерий Саарян, намонядаи “Knightsbridge Entertainment” дар Аврупо ва Осиё, ки аз соли пеш бо корҳои муқаддамотии филми “Путин” машғул аст, аз гуфтани номи коргардон худдорӣ кардааст.
Леонардо ДиКаприо қаблан ба нашрияи олмонии “Welt am Sonntag” гуфта буд, алоқаманди бозидани нақши Владимир Путин аст.
Қаблан, Валерий Балаян, филмсози рус мустанадеро бо номи “Ҳуизмистерпутин” (Ҷаноби Путин кӣ аст?) таҳия кард, ки дар бораи ба қудрат расидани Путин қисса мекунад. Ин филм, ки бори аввал 29 декабри соли гузашта дар Киев рӯи парда баромад, дороиҳои раисиҷумҳур Путинро низ ба намоиш мегузорад.