“Ваҳдат Текстил”, “Тента-Кӯлоб”, “ХИМА Текстил” ба Туркия мераванд
Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул 5 корхонана намояндагӣ мекунад.
Аз дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, дар ин намоишгоҳ, ки аз 4 то 6 феврали соли ҷорӣ дар Истанбул баргузор мешавад, панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Олим Текстайл”, “Ресандаи Тоҷикистон РБТ”, “Тента-Кӯлоб” ва “ХИМА Текстил” иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайидарпай дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Мавлуда Киромова, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллапарварии вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул, ки дар он маҳсулоти босифат ва аз нигоҳи экологӣ безарар ба намоиш гузошта мешавад, макони хубе барои оғози нави мавсими нав мебошад. Намоишгоҳ ба ширкатҳои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳслуоти нассоҷӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар вохӯранд, брэнди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда, тоҷирон ва созмонҳои ғайриҳукуматии соҳа тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, баро худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.
Илҳомҷон Мирзоев, роҳбари ширкати “Ваҳдат Текстил”, мегӯяд, “ман мутмаинам, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид хоҳад буд. Ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба таҷҳизоти замонавӣ низ хоҳем гирифт”.
Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.