Додситонӣ: Зодаи Тоҷикистон алайҳи неруҳои давлатии Сурия меҷангад
Алайҳи як зодаи 21-солаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, бо иттиҳоми иштирок дар гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Пойгоҳи хабарҳои ҳарбии Интерфакс аз қавли додситонӣ гуфтааст, ин ҷавон аз Русия ба Туркия рафта ва марзи Сурияро ғайриқонунӣ убур кардааст: “Феълан, ӯ дар ҳайати “Давлати исломӣ” қарор дошта, дар амалиётҳои ҷангӣ алайҳи неруҳои давлатии Сурия иштирок мекунад”.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон то пайвастанаш ба ин гуруҳи террористӣ дар Биробиҷон, шаҳре дар Шарқи дури Русия зиндагӣ мекардааст.