Баъди таҳримҳо. Наздики 3 миллион литр соляркаи Эрон дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон
Дар пайи лағви таҳримҳои иқтисодии Эрон 2.9 миллион литр сӯзишвории дизелии ин кишвар роҳии Тоҷикистон шудааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Дунёи иқтисод”-и Эрон хабар додааст.
Ин манбаъ аз қавли Муҳаммади Қароӣ, мудири ширкати миллии пахши фаровардаҳои нафтии минтақаи Хуросони Разавӣ гуфтааст, нахустин бор аст, ки Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ интиқол медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, “аввалин корвони ҳомили сӯзишвории дизелӣ аз масири марзҳои заминии устони Хуросони Разавӣ ба ин кишвар равон шудааст”.
Оқои Қароӣ таъкид кардааст, то кунун фаровардаҳои нафтии Эрон аз марзи Дуғорун, як минтақаи гумрукии ин кишвар танҳо ба Афғонистон содир мешуд: “Бо тавваҷуҳ ба шароити баъди лағви таҳримҳо тақозои хариди сӯзишвории дизелии Эрон аз Тоҷикистон барои нахустин бор ибтидои баҳманмоҳи соли ҷорӣ сурат гирифтааст”.
Исмоил Фирӯз, сарпарасти умури байналмилалии ширкати фаровардаҳои нафтӣ ба "Дунёи иқтисод" гуфтааст, миёни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо Тоҷикистон як бозори билқувва барои содироти сӯзишвории дизелӣ ва фаровардаҳои нафтии Эрон аст. Хабаргузории "Меҳр" мегӯяд, Эрон қасд дорад, пас аз Ироқу Афғонистон Тоҷикистонро ба саввумин муштарии сӯзишвории дизелии худ дар минтақаи Ховари Миёна табдил бидиҳад.