Коррупсия: “Чашм нарасад, нест!”
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд мегӯяд, соли 2015, 40 корманди низоми бонкӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Музаффар Аҳмадзода, сардори ин ниҳод дар нишасти хабарии солонааш рӯзи 2 феврал гуфт, ин шумора дар ҳамин давраи соли 2014 ба 68 мерасид. Ӯ афзуд, “соли сипаришуда аз ҷониби кормандони соҳаи кишоварзӣ 34 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда, нисбати 17 нафар парванда боз шудааст”.
Ҷаноби Аҳмадзода гуфт, дар соли 2015 дар маҷмӯъ 482 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2014, 22 адад зиёд мебошад: “Дар соли 2014, 460 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шуда буд”.
Ӯ мегӯяд, аз шумори умумӣ (482) 143 ададашро ҷиноятҳои вазнин ташкил дода, маблағи зарари онҳо 49,2 миллион сомониро ташкил медиҳад ва то имрӯз 29,1 миллион сомонии он рӯёнида шудааст.
“Таҳлили фаъолияти хизматии шахсони умумии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда нишон дод, ки онҳо ба намояндагони чунин кумитаву вазоратҳо мансубанд:
- Кормандони соҳаи бонкӣ - 72 ҷиноят (соли 2014 - 63) алайҳи 40 нафар;
- Кормандони соҳаи кишоварзӣ - 34 ҷиноят (соли 2014 - 12) алайҳи 17 нафар;
- Кормандони МИҲД - 28 ҷиноят (соли 2014 - 71) алайҳи 21 нафар;
- Кормандони соҳаи маориф - 24 ҷиноят (соли 2014 - 34) алайҳи 23 нафар;
- Кормандони соҳаи тандурустӣ - 24 ҷиноят (соли 2014 - 132 алайҳи 22 нафар;
- Вазорати корҳои дохилӣ - 20 ҷиноят (соли 2014 - 15) алайҳи 11 нафар;
- Мелиоратсия ва хоҷагии об - 11 ҷиноят (соли 2014 - 6) алайҳи 9 нафар;
- Кумитаи заминсозӣ - 10 ҷиноят (соли 2014 - 12) алайҳи 13 нафар;
- Вазорати меҳнат - 8 ҷиноят (соли 2014 - 0) алайҳи 7 нафар;
- Кормандони соҳаи нақлиёт - 8 ҷиноят (соли 2014 - 17) алайҳи 8 нафар;
- Вазорати адлия - 6 ҷиноят (соли 2014 - 2) алайҳи 2 нафар;
- Вазорати мудофиа - 4 ҷиноят (соли 2014 - 5) алайҳи 4 нафар;
- Кормандони кумитаи андоз - 3 ҷиноят (соли 2014 - 4) алайҳи 3 нафар;
- Кормандони КДАМ - 2 ҷиноят (соли 2014 - 0) алайҳи 2 нафар;
- Кормандони прокуратура - 2 ҷиноят (соли 2014 - 0) алайҳи 2 нафар;
- Кормандони Хадамоти гумрук - 1 ҷиноят (соли 2014 - 0) алайҳи 1 нафар;
- Кормандони Агентии назорати маводи нашъадор - 1 ҷиноят (соли 2014 - 0) алайҳи 1 нафар;
- Корманди дигар мақомот - 219 ҷиноят (соли 2014 - 196) алайҳи 188 нафар дар ҳудуди вилоят содир гардидаанд”.
Сардори ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсати агентии зидди фасод дар вилояти Суғд ягон қонуншикании дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шудааст, гуфт, “чашм нарасад, нест!”