(VIDEO) Кумита: Занҳо бо ташаббуси мардон ба Cурияву Ироқ рафтаанд
Бештари занону духтарони тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ қарор доранд, бо ташаббуси мардон онҷо рафтаанд. Ин нукта имрӯз, 2 феврал дар нишасти хабарии Кумитаи кор бо занон ва оила зикр гардид.
Маҳбуба Азимова, масъули кумита мегӯяд, танҳо теъдоди ночизи бонувон худашон тасмим гирифтаанд, ки ба он кишварҳои дар ҳоли ҷанг бираванд. Ӯ аз ироаи теъдоди занону духтарони тоҷикистоние, ки дар ин ду кишвари Ховари Миёна қарор доранд, бо далели махфӣ будани маълумот худдорӣ варзид, аммо гуфт, бештари онҳо аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказанд. Хонум Азимова афзуд, “онҳо пушаймон шудаанд, вале роҳҳои баргардониданашон хеле мушкил аст”.
Идигул Қосимзода, раиси навтаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон яке аз сабабҳои аслии ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтани занони тоҷикро “беэътиноии модарон” арзёбӣ кард: “Агар меҳру муҳаббат ва эҳтиром миёни модару фарзанд бошад, ягон фарзанд модари худро партофта намеравад. Фикр мекунам, мо модарон дар ягонҷо беэтиноӣ кардем, ки фарзанди мо ба ин роҳҳо рафтаанд”.