Муовини вазир: Протоколи зиддибуҳронӣ 270 миллион сомонӣ сарфа кард
Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, протоколи зиддибуҳронӣ дар соли 2015 сабаби сарфа шудани 270 миллион сомонӣ шуд.
Ӯ дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Душанбе гуфт, протоколи мазкур имсол низ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
Моҳи августи соли 2015 Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки бар асоси протоколи маҷлиси ҳукумат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор кардааст, маблағҳои буҷети давлатиро танзим ва назорат намоянд. Ба иттилои манбаъ, протоколи мазкур бо назардошти буҳрони молиявӣ таҳия шуда, дар он таъкид мешавад, ки “ҷиҳати таъмини хароҷоти самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ, сарфаю сариштакорӣ роҳ надодан ва исрофкорӣ мунтазам чораандеши намоянд”.
Як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон 24 августи соли 2015 дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тибқи ин протокол истифодаи нақлиётии хизматӣ аз ҷониби мансабдорон маҳдуд карда мешавад. Ӯ афзуд, барои сӯзишвории нақлёти хизматии мансабдорон аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ сарф мешавад ва дар пайи буҳрони молиявӣ аллакай ба ниҳодҳои давлатӣ дастур шудааст, истифода аз мошинҳои хизматиро кам намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд: ”Лекин гуфта нашудааст, ҳама бояд аз нақлиёти хизматӣ қатъиян даст кашанд, танҳо дастур шуда, ки дар ҳар вазорату идораҳо маҳдуд карда шавад. Амалишавии ин масъала таҳти назорат аст”.