НАТО кафолати ҳуҷум накардан болои Русияро додан намехоҳад.
Дар ин бора муовини вазири умури хориҷаи Русия Александр Грушко хабар дода гуфтааст, феълан гуфтушуниди тарафҳо дар мавриди ҷойгир кардани нерӯҳои зиддимушакии ҳавоии НАТО дар Аврупо ба саргумӣ расидааст. Бино ба гуфтаи А. Грушко, "вазъи феълиро ҳатто наметавон умедворкунанда номид", зеро Ғарб намехоҳад кафолати ҳуқуқии бар сари Маскав равона накардани нерӯҳои зиддиимушакии аврупоиро манзур намояд.
- Мо эҳсос мекунем, ки ҳарчанд миёни мову ИМА ва НАТО раванди маслиҳату гуфтушунид дар ин самт канда нашудааст, аммо онҳо мехоҳанд қойидаҳои бозии худро ҷорӣ намоянд, - илова кард ҷаноби Грушко, муовини вазири умури хориҷаи Русия ва афзуд, пешравӣ дар ин самт рӯз бар рӯз кам шуда истодааст.
Дар ҳамин ҳол ИМА ва НАТО бо вуҷуди эътирозҳои Маскав ҷойгиркунии Барномаҳои дифоии зиддимушакии худро дар Аврупо идома дода истодаанд.{jathumbnail off}