Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Муаллими беҳтарин» ҷамъбаст гардида, барандагони сабқат муайян шуданд.
Тибқи иттилои раёсати маорифи пойтахт миёни чор ноҳияи шаҳр, омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби таҳсилоти умумии №78-и ноҳияи Фирдавсӣ Виталий Рябтсев аз ҳама бештар соҳиби хол гардида, ҷойи аввалро ишғол кард. Шумораи умумии холҳои ӯ 725, 5-ро дар бар мегирад. Доварони озмун саҳми ӯро дар тарбияи насли наврас, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод дар мактабҳои гуногун, ки бо усули инноватсионӣ сурат мегиранд, арзёбӣ намуданд. Ғайр аз ин ҳисоботи эҷодии ӯ, ташкили намоиши кори толибилмони мактаби ӯ ва ҷавоб ба саволҳои ҳакамон беҳтарин дониста шуд. Зинаи ифтихории дуюм насиби муаллимаи забони англисии мактаби таҳсилоти умумии №1 Вероника Коробкина гардида, ҷойи сеюм ба муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Сурайё Атоева сазовор дониста шуд. Омӯзгори забони модарии мактаби таҳсилоти умумии №-20 Ҷамила Ҳакимова ҷойи чоруми ифтихориро соҳиб шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, барандагони ҷойҳои аввалу дуюми озмун ҳуқуқи иштирок дар озмуни ҷумҳуриявиро пайдо кардаанд.Интизор меравад, соли оянда дар рӯзи таҷлили «Рӯзи пойтахт» ҳар чор нафаре, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуни шаҳрӣ шудаанд, бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо аз сӯи шаҳрдорӣ сарфароз гардонида мешаванд.