Афсари муттаҳам дар қатли Шоираро ба Душанбе меоранд
Иван Шербаков, афсари пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар куштори сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам мешавад, аз нигоҳи руҳӣ солим будааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, қарор аст дар наздиктарин фурсат ӯро аз Екатеринбург, ки барои ташхиси руҳӣ интиқол ёфта буд, ба Душанбе биёранд. Ба баррасии парванда кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ва фармондеҳии пойгоҳи 201 машғул хоҳанд шуд.
Иван Шербаков дар қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи Душанбе дар рӯзи 5 ноябри соли 2015 муттаҳам мешавад. Ҷасади ин духтар 8 ноябр аз партовгоҳи назди пойгоҳи ҳарбии Русия ёфт шуд. Шербаков баъди боздошт гуфта буд, Шоираро дар заминаи рашк куштааст.
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 10 ноябри соли сипаришуда дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе аз қатли Шоира Ҷобирова изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад. Бино ба иттилои торнамои ВУХ, дар анҷоми мулоқот Аслов ба сафир Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супоридаааст, ки дар он аз ҷумла, омадааст: “Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”.