Эълони беҳтаринҳо: Давлатзода мегӯяд, ёфтани андозсупорандаи бекамбудӣ мушкил шудаст
Кумитаи андози Тоҷикистон андозсупорандаҳои беҳтарини соли 2015-ро эълон кард.
Тибқи иттилои Кумита бе сегонаи беҳтарин андозсупорандагони соли 2015 Комбинати шири Душанбе, Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой ва «Хуаксин Ғаюр Семент» ворид гардиданд.
Аз се ширкате, ки беҳтарин андозсупоранда дар Тоҷикистон эътироф шудаанд, ду ададашон корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар шарҳи эълони беҳтарин андозсупорандаҳо изҳор дошт, ки ин баҳо нисбӣ буда, интихоби андозсупорандаи беҳтарин мушкил шудааст, чун ба гуфтаи ӯ дар кишвар ёфтани андозсупорандае, ки ягон камбудӣ надошта бошад, хеле душвор аст.