Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: Ҳиҷобро барои Худо пӯшидаам, на барои худнамоӣ
Якуми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб шинохта шудааст. Имсол барои чорумин маротиба аз ин рӯз ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.
Асосгузори Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб Назмахон, як бангладешитабори муқими Амрикост. Ин сокини шаҳри Ню-Йорк соли 2013 аз занону духтарон новобаста аз динашон даъват кард, якуми феврал ҳиҷоб пӯшанд. Ҳадафи ин даъват поён додан ба исломбадбинӣ арзёбӣ шуд. Назмахон, ки дар 11-солагӣ ба Амрико омадааст, чӣ будани табъизро хуб медонад. Ӯро дар мактаб барои ҳиҷоб доштанаш ҳамсабақон “Бэтмен”-у ниндзя мегуфтанд. Бо гузашти солҳо ӯ интернет-мағозаи либосҳои исломиро роҳандозӣ мекунад. Баъди ин аз занону духтарон ҳазорҳо мактуб унвонии вай мерасанд ва аз табъиз шудан мегӯянд. Ҳамин чиз сабаби даъват барои ҷашнгирӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб мешавад.
Дар Тоҷикистон бархе аз мақомҳо сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст. Чандин маврид аз бастани дари дуконҳое, ки ба фурӯши чунин либосҳо машғуланд гузориш расидааст. Баҳром Шарифзода, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ахиран дар нишасти хабарие гуфт, “РКД дар вилояти Хатлон бо ҳокимияти маҳаллӣ, маҳҳаллаҳо, ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи вилоят ҳамкории зич дошта, бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум кори хешро пеш мебарем. Соли гузашта маҳз бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 1773 зан аз пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона даст кашиданд”.
Чанд тан аз бонувони ҳиҷобпӯш дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, онҳо танҳо барои эътиқод онро мепӯшанд. Сокина, яке аз онҳост, ки мегӯяд, “ҳиҷобро барои Худо ба сар кардам, на барои худнамоӣ. Он фарзи илоҳист ва ҳеч вақт намехоҳам онро бигирам”. Адиба, ки дар яке аз сехҳои қаннодии пойтахт фаъолият дорад, мегӯяд, то ҳол доштани ҳиҷоб барояш мушкиле пеш наовардааст: “Шукри Худо панҷ вақт намозамро мехонам, ҳиҷобро ҳам барои ризогии Худо мебандам. Боре аз ҷониби ягон нафар мавриди бозпурсӣ ҳам қарор нагирифтаам”. Аммо Фархунда, як сокини дигари Душанбе гуфт, чанд бор аз ҷониби раҳбари корхонае, ки фаъолият дорад, пешниҳоди бадар кардани ҳиҷобро гирифтааст: “Ҳар вақте аз роҳбарият ба ман мегӯянд, ки рӯймоламро гирам, дар ҷавоб ба онҳо мегӯям ҳамон вақт ба гуфтаи шумо мекунам, ки дар девор навиштаҷоти “пӯшидани ҳиҷоб манъ аст”-ро овезон кунед. Ё агар аз тарафи корхона ба ҷое ҳам раваму ба ман гӯянд, бо ин либос даромада наметавонам, ба онҳо низ ҳамин суханро мегӯям”.