Омӯзиши шеваҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомез дар Тоҷикистон
Дар Душанбе ба як идда аз кормандони Вазоратҳои мудофиаву умури дохилӣ ва Кумитаҳои дину ҷавонон роҳҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомезро омӯхтаанд.
Бино ба иттиллои Сафорати ИМА дар Душанбе, 22 корманд аз ин чор ниҳод иштирокчии семинаре будаанд, ки ҳадафаш омӯзондани шеваи мубориза бо ифротгароии хушунатомез будааст. “Семинар дар доираи нақшаи солонаи чорабиниҳои Фармондеҳии марказии ИМА оид ба ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Чорабинии мазкур, ки ба дарки решаҳои ифротгароии динӣ тамаркуз шуда буд, аз ҷониби гуруҳи Маркази муносибатҳои ҳарбӣ-шаҳрвандии Мактаби олии Қувваҳои баҳрии ИМА гузаронида шуд”,-мегӯяд манбаъ.
Ба иттилои сарчашмаи хабар иштирокчиёни семинар ҳамчунин қазияҳои муайянро таҳлил ва андешаҳо оиди тарҳрезии стратегияҳои ниҳодӣ оид ба мубориза бо таъсири равиши ифротгароӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро баррасӣ намуданд: “Ҳадаф аз чунин вохуриҳо баланд бардоштани сатҳи тавоноии Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари ифротгароии хушунатомез ва беҳтар намудани шарикию ҳамгироии ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон мебошад”.