Баҳои Heritage Foundation ба озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон
Пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street дар раддабандии ҷадидашон Тоҷикистонро аз нигоҳи озодиҳои иқтисодӣ миёни 178 кишвари дунё дар ҷои 149-ум қарор доданд.
Гузоришгарон бо зикри таъмин набудани волоияти қонун, номустақилии судҳо, фасоди густурда, андозбандӣ ва ғайра иқтисодиТоҷикистонро ба гуруҳи “бештар ноозод” ворид кардаанд.
Дар раддабандӣ Эстония-9, Литва-13, Гурҷистон-23, Латвия-36, Қазоқистон-68, Арманистон-54, Озарбойҷон-91, Қирғизистон-96, Молдова-117, Белорус-157, Украина-162, Узбакистон-166 ва Туркманистон мақоми 174-умро гирифтааст. Тибқи раддабандӣ озодтарин иқтисод дар Ҳонгконг, Сингапур, Зеландияи нав ва маҳдудтарин дар Венесуела, Куба ва Кореяи шимолӣ мавҷуд мебошад.