Олим Салимзода: Тарҳи қонуни матбуот ба Сарқонун мухолифат надорад
Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфтааст, лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ба Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мухолифат надорад. Ин нуктаро ӯ имрӯз, якуми феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон изҳор доштааст.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз чаҳор созмони журналистии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз тарҳи мазкур нигаронӣ ва онро маҳдуд кардани озодии баён дар кишвар унвон карданд. Онҳо бо зикри ин нукта, ки тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни кишвар аст, аз ҳукумат ва Маҷлиси олӣ дархост намуданд, аз қабули тағйироти пешниҳодшуда худдорӣ варзанд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи шӯро, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии кишвар баргузор шуд, тарҳи мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи он ҷонибдорӣ гардид. Олим Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфтааст, ин лоиҳа бо ҳадафи беҳтар кардани назорат оид ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва таъмину таҳкими амнияти иттилоотӣ таҳия шудааст: “Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар Қонуни амалкунанда салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин мақомоти прокурорӣ ва судӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо ҳангоми қонуншиканиҳо ё дигар асосҳои ҳуқуқии қатъ гардонидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муайян карда нашудааст”.
Манбаъ мегӯяд, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ ва ризоият додааст, ки ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардад.