Русия низомиёнашро дар Тоҷикистон кам мекунад
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ҳайати пойгоҳи низомии 201-ро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад.
Генерал полковник Владимир Заруднитский, фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия изҳор доштааст, ки пойгоҳи 201 ба ҳайати бригадавӣ гузаронда хоҳад шуд. Ба гуфтаи генерал дар пайи тағйирот ҳайати пойгоҳ кам мешавад, аммо ин ба қобилияти ҷангии пойгоҳ таъсире нахоҳад дошт: “Пойгоҳи 201 ба ҳайси посгоҳи пеши Русия дар Осиёи Марказӣ ва кафили сулҳу субот дар минтақа боқӣ хоҳад монд”.
Феълан дақиқ нест, ки теъдоди низомиёни Русия чӣ қадар коҳиш хоҳад ёфт. Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.