Дар пайи баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз аз тарафи кормандони дидбонгоҳи гумруки Пахтаободи раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Турсунзода боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи наъшаовар ошкор гардид.
Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, аснои ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони қатораи рақами 319 самти ҳаракати Душанбе - Маскав сафар мекарданд, ҳангоми ворид гардидани шаҳрванд Убайдов Қудратуллои 40 сола, бо бағоҷи дастии сафарияш, бинобар пайдо намудани шубҳа мавриди боздошт ва муоинаи махсус қарор гирифт.
Манбаъ афзуд, зимни тафтишот дар қисми дохили бағоҷи мазкур маводи тасмашакли рангаш сиёҳи ғайриоддӣ васл гардида, буйи махсуси ба ҳероин монанд дарёфт карда шуд. Ташхиси озмойишгоҳ нишон дод, ки маводи дарёфт гардида, навъи ҳероин мебошад вазъни умумии он 2 килою 0,15 грамро ташкил медиҳад. Феълан, нисбати Қудратулло Убайдов парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}