Норозигии сокинони Бадахшон аз “ношукрӣ”-и раис аз кӯмакҳои Оқохон
Суҳбати ошкорои Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур, ки кумакҳои Бунёди Оқохонро ба вилоят ночизу эҳсоснашаванда хондаст, норозигии бархе аз сокинони вилоятро ба вуҷуд овардаст.
Шодихон Ҷамшед дар ин суҳбат аз хисороти зиёди офатҳои ахири табиӣ ба мардуми вилоят ёд оварда, гуфтааст, ҳукумат саривақт зарардидаҳоро бо шароити хуби зиндагӣ таъмин намуд. Дар ин баробар кумакҳои Бунёди Оқохонро ба зарардидагон хеле ночиз хонда, таъкид кардааст, мардум ҳам инро ҳис карданд. Раиси вилоят ҳаҷми маблағгузории Бунёди Оқохонро ба вилоят дар соли гузашта 5-8 миллион сомонӣ арзёбӣ намуда, илова кардааст, ин сирф маблағҳои фонди Оқохон нест: “Ин маблағҳои донорҳост, ки бо фонди Оғохон ҳамкорӣ мекунанд”.
Ӯ дар идомаи суҳбат афзуда, "мардум дигарбора итминон пайдо кард, ки воқеан давлат пойбарҷост. Ба ягон ташкилоту идораҳои кумакрасон дигар умед надоранд".
Таъкидҳои раиси Бадахшон сабаби норозигии бархе сокинони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Гуруҳи сокинони вилоят дар гуруҳи "Pamir-News"-и Фейсбук раисро ба "ношукрӣ" муттаҳам карда, таъкид намуданд, маҳз кумакҳои Бунёди Оқохон дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ буд, ки мардумро аз гуруснагӣ наҷот дод. Корбарони интернет кумакҳои Бунёди Оқохонро ба соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии қишлоқ, энергетика, маориф ва ғайраро зикр карданд. Ҳокимшо Зулфиқоров, масъули Бунёди Оқохон изҳор доштааст, ки шояд нашрия дар мавриди ҳаҷми кӯмаки Бунёди Оқохон иштибоҳ кардааст, ё ҳаҷми кӯмаки ҳамагӣ як институти Бунёдро дар назар доштааст. Ба гуфтаи Зулфиқоров кумаки шабакаи Оқохон танҳо ба Бадахшон дар соли гузашта зиёда аз 200 миллион сомониро ташкил додаст.
Раиси вилояти Бадахшон дар суҳбат бо Шарифи Ҳамдампур гуфтааст, соли 2016-ро дар Бадахшон соли мубориза бо ҷинояткорӣ эълон кардаст. Ӯ бо зикри сарҳади 800 километрӣ бо Афғонистон, илова намудаст, ки ҷавонони Хоруғ таҳти таъсири гурӯҳҳое, ки аз соли 1992 бо номи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ пайдо шуда буданд, қарор доранд: “Ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо таъсир, нуфуз ва эътибори худро доранд. Ҳозир то андозае давраи ҳалли ин проблема расидааст...”
Раиси Бадахшон изҳор доштааст, дар вилоят қонуният пурра риоя намегардад ва инро ба камбудӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ, прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ рабт додаст. Раиси вилоят ишора намудааст, ки ҷинояткорон дар дохили “система” аз ҷумла миёни атрофиёни маҳдудаш одамони худро доранд: “Ҷинояткорон аз дохили "система" гап мегиранд. Баъе чизҳое барои онҳо ошкор аст, ки ҳайрон мешавам, ки аз куҷо ин гапҳоро мегиранд. Ман дар доираи маҳдуд ҷаласа мегузаронам, аллакай барои онҳо маълум аст. Ман дар ин ҷо раиси вилоят ҳастам. Мақомоти қудратӣ маро ҳимоят кунад, на ин ки ман онҳоро. Ҷинояткорро онҳо бояд рафта биёранд, на ин ки раиси вилоят. Дар назди қонун ҳама баробар аст. Касе ҷиноят кард, бояд ҷавоб гӯяд. Қонун раҳму шавқатро намепарастад”.