Раиси Тоҷикагролизинг: Техника дар хоҷагиҳо ба ном вуҷуд дорад
Юсуф Акрамзода, раиси корхонаи давлатии “Тоҷикагролизинг” мегӯяд, хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба 29 ҳазор техника ниёз дорад, аммо амалан хоҷагиҳои кишвар 26 ҳазор техника доранд, ки 9 ҳазораш кор намекунад.
Акрамзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аксари техникаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ном вуҷуд доранд. Ӯ афзуд, ки тибқи меъёр хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон бояд бояд 2 ҳазору 226 комбайн дошта бошанд: “Вале ҳозир дар хоҷагиҳо 1121 комбайн буда, 649 тоаш кор намекунанд. Комбайнҳои мавҷудаи коршоям 29 дарсади талаботро ташкил медиҳанд. Дигараш ба ном вуҷуд дорад”.
Раиси Тоҷикагролизинг маҳз камбуди техникаро сабаби асосии тӯл кашидани дарави ғалла ва иҷро нашудани кишти такрорӣ номид.
Юсуфзода илова намуд, ки арзиши як комбайни нав 95 ҳазор евроро ташкил дода, бо 15 миллион сомонии ҷудокардаи ҳукумат асосан комбайн харидорӣ шуд: “Соли 2015 аз Русия ва Эрон 23 комбайн ворид карда шуд. Мо комбайнҳои воридшударо ба ноҳияҳо ба навбат тақсим мекунем”.
Дар масъалаи подошпулии лизинг Акрамзода иброз дошт, ки солона 12 фоиз буда, аз арзиши боқимондаи техника ҳисоб карда мешавад: “Тоҷикагролизинг техника қарз медиҳад ва он дар хоҷагии деҳқонӣ нигоҳ дошта мешавад. То пурра иҷро шудани уҳдадориҳои шартномавӣ техника моликияти Тоҷикагролизинг аст ва баъди пардохти пурраи маблағ техника аз лизинггиранда мешавад”.