Боздошти ҷавони тоҷик бо ниқобу силоҳ дар Восеъ
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон аз боздошти як ҷавони 22- сола, сокини ноҳияи Восеъ хабар медиҳанд, ки дар нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои пулис ин ҷавон рӯзи 29-уми январ зимни як амалиёт боздошт гардид: “Ҳангоми кофтукоб аз номбурда, 1-адад силоҳи оташфишони тамғаи “АКМ”, қутраш 7,62-мм, соли бароришаш 1972, коршоям ва 1-адад ниқоб, ки дар хонаи истиқоматиаш ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, дарёфт ва мусодира шуд”.
Мақомоти умури дохилии Хатлон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.