184 кушта ва 158741118 сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқуллода дар шимоли Тоҷикистон
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд мегӯяд, давоми соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон бар асари бештар аз 700 ҳодисаи фавқулода наздики 190 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Баҳром Додов, сардори ин ниҳод дар суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар 12 моҳи соли 2015 дар ҳудуди вилоят 748 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 184 нафар ба ҳалокат расидаанд: “Маблағи зарар аз ҳодисаҳои фавқулода дар соли сипаришуда дар асоси ҳуҷҷатҳои воридшуда 158 миллиону 741 ҳазору 118 сомониро ташкил медиҳад”.
Ҷаноби Додов таъкид дошт, дар соли 2014, 668 ҳодиса ба амал омада буд, ки бар асари он 156 тан ҷони худро аз даст дода буданд. Маблағи зарар бошад, 5 миллиону 847 ҳазору 839 сомониро ташкил медод.
Сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд афзуд, дар соли 2015, 9 нафар бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ба ҳалокат расидаанд: “Фаромадани тарма дар минтақаи Айнӣ ҷони 5 нафарро рабуда, дар натиҷаи ба амал омадани раъду барқ дар ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафурову шаҳри Истаравшан 4 нафар ҷон доданд. Солҳои пеш бар асари раъду барқ дар миқёси вилоят ягон нафар нафавтида буд”.