Мақоми 72-юми Тоҷикистон дар раддбандии экологӣ
Донишгоҳҳои Йел ва Колумб якҷоя бо Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро аз рӯи самаранокии экологӣ миёни 178 кишвари дунё дар ҷои 72-юм қарор додаанд.
Муаллифони раддабандӣ ба сиёсати кишварҳо дар ҳифзи экосистема, таъсир ба муҳити атрофу саломатии одамон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ баҳогузорӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи 72-юм ҷой додаанд, ки дар ИДМ танҳо аз Узбакистону Туркманистон пештар аст.
Дар ин раддабандӣ Озарбойҷон ҷои 31, Арманистон-37, Гурҷистон -111, Эстония-8, Латвия-22, Литва-23, Русия-32, Белорусия-35, Молдова-55, Қазоқистон-69, Қирғизистон-71, Туркманистон-84 ва Узбакистон ҷои 118-умро соҳиб шудаанд. Дар раддабандӣ Финляндия, Исландия, Шветсия, Дания ва Словения мақомҳои аввал ва Сомалию Мадагаскару Нигерия ҷойҳои аз ҳама охир гирифтаанд.