Ноиби раисиҷумҳури ИМА: ДИИШ соли 2016 маҳв мешавад
Ҷозеф Байден, ноиби раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, амалиётҳои якҷояи эътилофи байналмилалии зиддитеррористии ИМА бо артиши Ироқу Сурия аллакай дар соли 2016 ба гуруҳи террористии ДИИШ нуқтаи таммат мегузорад.
Ӯ дар нишасти хабарие дар ИМА гуфтааст, баъди он ки террористон аз Рамадӣ берун шуданд, шаҳрҳои Раққи ва Мосулро аз онҳо раҳондан душвор нест: “Ҳоло мо қариб 40 дарсади қаламраверо, ки қаблан террористон муҳосира карда буданд, озод кардем. Мебинед, ки то охири соли 2016 чӣ мешавад”.