Муовини вазири дифои Русия ба Душанбе меояд
Қарор аст, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия дар раъси як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон биёяд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло санаи дақиқи ин сафар маълум нашудааст. Аммо хабаргузории “CA-NEWS” навиштааст, Антонов ҳафтаи оянда озими Душанбе шуда, бо мақомоти сиёсӣ ва амниятии Тоҷикистон дидор мекунад.