Розигӣ барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро дар Душанбе
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе розигӣ додааст.
Дар ин бора имрӯз, 29 январ Назар Одиназода, ноиби сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар пайи ҳисобукитоби хароҷоти мусофирбарон дар Душанбе болоравии ҳаққи роҳкироро асоснок хонданд: “Хулосаи худро ба шаҳрдорӣ равон кардем”.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, дархост барои боло бурдани ҳаққи роҳкиро аз сӯи муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ворид шудааст. Душанбенақлиётхадамотрасон” пешниҳод кардааст, ки ҳаққи роҳкиро дар Душанбе то 14-15 дарсад баланд бардошта шавад ва сабаби онро гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ ва фарсуда шудани мусофиркашҳову ниёз ба таъмир доштани онҳо арзёбӣ кардааст.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дақиқ эълон накард, ки роҳкиро дар Душанбе чӣ қадар боло хоҳад рафт, аммо таъкид намуд, ки тасмими ниҳоиро барои боло бурдани арзиши роҳкиро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегирад.
Роҳкиро дар мусофиркашҳои Душанбе тобистони соли 2011 бо қарори шаҳрдорӣ 1,6 сомонӣ муайян шудааст, аммо ронандаҳо аксаран аз мусофирон 2 сомонӣ мегиранд.