Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Намегузорем “Тоҷиктелеком” монополист шавад, мақсад амният аст
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки 10 соли қабл алайҳи ташкили Маркази ягонаи камутаторӣ дар кишвар баромад карда буд, имрӯз, 29 январ эълон дошт, ки ташкили ин марказ хилофи қонунгузориҳои зиддиинҳисорӣ нест.
Назар Одиназода, ноиби раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ташкили Маркази ягонаи комутаторӣ дар “Тоҷиктелеком” ин ширкатро ба монополисти соҳа табдил намедиҳад: “Хизматрасониҳои Марказро мо назорат мекунем ва намегузорем, ки ба ягон субъекти бозор афзалият дода шавад”.
Ӯ тасдиқ кард, ки чанд соли қабл Хадамоти зиддиинҳисорӣ алайҳи ташкили ин Марказ хулосабарорӣ карда буд: “Хулосаи мо ҳоло ҳам дигар нашудааст, агар ин марказ барои иштирокдорони бозор маҳдудият ҷорӣ кунад. Мо назорат мекунем, ки ба ягон субъект афзалият дода нашавад”.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон илова намуд, ки мақсади ташкили Маркази ягонаи комутаторӣ таъмини амнияти давлат мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 декабр қарори ҳукуматро имзо намудааст, ки тибқи он тамоми мухобироти интернетию мобилӣ бояд тариқи маркази ягонаи комутатории ширкати “Тоҷиктелеком” гузаранд.
Дар қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо намудаст, ҳадаф назорат ва танзими трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет арзёбӣ шудааст: “Тамоми хизматрасониҳои байналхалқии алоқаи барқӣ ва интернет бояд тариқи маркази ягонаи комутаторӣ гузаранд, ки дар назди ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ташкил шудааст”.
Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки иҷрои ин қарор барои ширкатҳои бозори мухобиротии кишвар ҳатмӣ мебошад ва Хадамоти алоқаро муваззаф намудааст, ки дар соли 2016 иҷрои марҳила ба марҳилаи қарорро таъмин кунад.
Ташаббуси ташкили маркази ягонаи комутаторӣ ҳанӯз соли 2006 ба миён гузошта шуд, аммо дар пайи эътирозҳои ширкатҳои мобилӣ, коршиносон ва бархе аз масъулини зиддимонополӣ ҳукумати Тоҷикистон низ аз ташкили он даст кашид. Он замон бархе аз коршиносону созмонҳои байналмилалӣ ин тарҳро талош барои назорати бозори мухобирот арзёбӣ карданд.