ВАО: Радиои ДИИШ бо забони форсӣ барнома пахш мекунад
Радиои “Садои хилофт”-и гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” домани фаъолияташро дар вулусволии Нангарҳори Афғонистон густариш дода, акнун бо забонҳои форсӣ ва арабӣ низ барнома пахш мекунад. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон иттилоъ додаанд.
Ба гузориши телевизиони “Ошно”, ин радио қаблан танҳо ба забони пашту дар маҳдудаи кӯчак барнома пахш мекард. Ин расона гуфтааст, дар ҳоли ҳозир радиои мутааллиқ ба ДИИШ дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор ва чанде аз вулусволиҳои дигар рӯзона ду соат барнома пахш мекунад. Тибқи навиштаи расонаҳои Афғонистон, муҳтавои гуфтаҳои ин радио аз оғоз то кунун таблиғи зидди давлатӣ ва даъват аз мардум ба хусус ҷавонон ба гуруҳи “Давлати исломӣ” аст. Афзун барин, расонаҳои Афғонистон менависанд, ДИИШ дар Нангарҳор ба дастгоҳе ҳам даст ёфтааст, ки метавонад бо аъзои дигари ин гуруҳ дар Сурия ва Ироқ тамос барқарор кунад.