“КамАЗ”-е, ки чор сол пеш аз Тоҷикистон гум шуд, дар Доғистон пайдо шудааст
Мақомоти пулиси Доғистон аз дарёфти боркаши тамғаи “КамАЗ”-е хабар додаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон рабуда шудааст.
Расонаҳои Доғистон бо такя ба иттилои пулис менависанд, ин боркаш дар шаҳри Махачқалъа дар гузаргоҳи назоратии “Аляска-20” ёфт шудааст. “Санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян кард, ин “КамАЗ”, ки таҳти идораи сокини ноҳияи Левашини Доғистон буд, аз соли 2012 дар кофтукови байналмилалӣ қарор доштааст”,-гуфтааст пулис. Ба иттилои манбаъ, ин мошин чор сол қабл дар ҳудуди Тоҷикистон дуздида шудааст.