Суғд: Боздошти беш аз 100 сарвару аъзои “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, ҲНИТ, ДИИШ…
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, тайи 12 моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят наздики 110 сарвару аъзои гуруҳи фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистонро боздошт кардаанд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд 28 январ дар шаҳри Хуҷанд ба хабарнигорон гуфт, тайи як соли ахир дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ дар маҷмӯъ 108 сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ-экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Ӯ афзуд, “аз ин теъдод 36 аъзои “Салафия”, 34 узви “Ҳаракати исломии Узбекистон”, 20 нафар аъзои “Ансоруллоҳ”, 7 аъзои “Ҷундуллоҳ”, 5 нафар аз “ҲНИТ”, 4 кас аз “Давлати исломӣ” ва 2 нафар аъзои “Ҳизбуттаҳрир”-анд”.