(САДО) Суғд: Беш аз 200 нафар шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шудаанд
Теъдоди афроди ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ шомилгаштаи вилояти Суғд ба 226 нафар мерасад. Ин нуктаро Зариф Мирдодоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд изҳор дошт.
Ӯ, ки дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд суҳбат мекард, гуфт, дар асоси рӯйхате, ки аз сохторҳои маҳаллӣ гирд овардаанд, 89 тан аз ин афрод ҷавонони зери 30-сола ҳастанд: “Дар асоси рӯйхате, ки мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ гирифтаем, медонем, ки онҳо киҳоянд”.
Ҷаноби Мирдадоев дар идома гуфт, “фикр мекунам, ҷавононе, ки имрӯз шомил мешаванд, якум ҳадаф ин муҳоҷирати меҳнатӣ, дуюм надонистани дини мубини Ислом ва хабардор набудан аз он ва сеюм, онҳо бесаводанд. Бештари онҳо аз пушти нафси хеш мераванд”.
Сардори Раёсати ҷавонон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон вақт лозим аст.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 25 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе теъдоди шаҳрвандони кишварро, ки танҳо дар ҷангҳои Ироқу Сурия ҳузур доранд, 999 нафар гуфта буд. Ӯ ҳамчунин афзуд, мақомоти Тоҷикистон соли гузашта 61 нафарро аз “Давлати исломӣ” ва 100 каси дигарро аз марзи Туркия бо Сурия баргардондаанд.