Талошҳои бенатиҷаи Душанбе: Соҳибкори тоҷик дар Чин қатл шуд
Талошҳои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз эъдоми Ҳасан Юсуфов, соҳибкори 51-солаи тоҷик дар Чин натиҷа надод.
Як масъули Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо такя ба иттилои сафорат аз Чин ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз, 28-уми январ ҳукми қатли Юсуфов иҷро гардидааст: “Сафорату Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон талош карданд, то аз қатли ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад, аммо мутаассифона натиҷае ҳосил нашуд”.
Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, ки ба воридоти мол аз Чин машғул будаст, соли 2010 дар Урумчӣ барои қочоқи маводи мухаддир дастгир гардида, ба ҳукми қатл маҳкум шуд.
Акси Ҳасан Юсуфов аз Озодӣ