Вазир: Ҳаҷми истеҳсоли тиллоро гуфтему дар бало мондем
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар 31,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бобозода имрӯз 28 январ зимни нишати матбуотии ин ниҳод изҳор дошт, ки нақшаи истеҳсоли тилло дар ҷумҳурӣ 131,60 дарсад иҷро шудааст, аммо аз ифшои ҳаҷми истеҳсоли он худдорӣ кард.
Ӯ афзуд, “соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли тиллоро бо килою грамаш гуфтему дар бало мондем. Дар ин бора танҳо тавассути мактуби расмӣ иттилоъ медиҳем”.
Вазир инчунин илова кард, ки ҳаҷми содироти тилло ба хориҷи кишвар махфӣ аст: “Мо тарафдори онем, ки тилло дар ҷумҳурӣ пурра харидорӣ шавад, ки ин аҳамияти сиёсӣ низ дорад. Соли гузашта Вазорати молия, Бонки миллӣ ва ҳам корхонаҳои заргарии дохилӣ ҳаҷми хариди тиллоро зиёд карданд”.
Афзоиши 30 дарсадии истеҳсоли тилло дар ҳолест, ки Шавкат Бобозода қаблан ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2014-ро ҳудуди 3,4 тонна гуфт. Бармеояд бо назардошти афзоиш соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли тилло дар кишвар наздики 4,5 тонна расидааст.
Тибқи иттилои Сандуқи байналмилалии асъор низ Тоҷикистон соли гузашта захираи тиллояшро дар ҳаҷми 120 ҳазор унсий зиёд кардааст.