Р.Шоҳмурод: Дар мавриди афв санаде ворид нашудааст
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз афви маҳбусон, ки тибқи хабарҳо ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ эълон хоҳад шуд, изҳори бехабарӣ кард.
Вазири адлия имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳеч санаде дар мавриди таҳияи лоиҳаи қонуни афв ба ниҳоди тобеяш ворид нашудааст: “Дар вақти суҳбат бо сафири Бритониё низ нагуфтам, ки афв эълон мешавад. Аз ман дар мавриди афв пурсид, посух додам, ки вазифаи мо иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аст”.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки ба хотири 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки 9 сентябри соли 2016 таҷлил мегардад, қонуни афв таҳия мешавад. Тибқи хабарҳо тарҳи ин қонун қарор аст, тайи шаш моҳи оянда таҳия ва қабул гардад: “Ин масъала ба нақшаи ҳукумат барои соли 2016 ворид карда шудааст”.
Дар сурати амалӣ шудани тарҳи мазкур ин 15-умин қонуни афви маҳбусон дар Тоҷикистон аз замони ба Истиқлол расидани кишвар хоҳад буд. Бори охир дар ҷумҳури моҳи октябри соли 2014 ба хотири 20-умин солгарди қабули Сарқонун қонуни афв қабул гардид, ки ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро гирифта буд.