Қосимов: 38 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додем
Анварҷон Қосимов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Суғд ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар қаламрави вилоятро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда хонда, мегӯяд, соли 2015, 73 ҳолати ғарқшавӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар ба қайд расидааст.
Оқои Қосимов дар нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, “бо сари вақт хабар намудан 31 нафар аз ҷониби наҷотдиҳандаҳои Ситоди вилоят ва 7 кас аз тарафи наҷотдиҳандаҳои шаҳри Хуҷанд наҷот ёфта, ҷасади 35 нафар аз об бароварда шуд”.
Муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯяд, соли сипаришуда, теъдоди ғарқшудаҳо дар қиёс ба соли 2014, 4 нафар бештар аст. Ӯ яке аз омилҳои зиёд ғарқ шудани шаҳрвандонро ба гарм шудани обу ҳаво, дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ кардан, бе назорат гузоштани кӯдакон ҳангоми оббозӣ ва даст ба худкушӣ задан тариқи худро ба об партофтан арзёбӣ кард: “Аз теъдоди умумии ғарқшудаҳо дар соли 2015, 5 нафар қасди худкушӣ доштаанд”.
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ тайи соли 2015 дар пайи риоя накардани қавоиди шиноварӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 183 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс ба соли 2014, 71 нафар бештар аст. Манбаъ мегӯяд, аз ҳама бештар ҳолатҳои фавти одамон дар пайи шиноварӣ дар вилояти мухтори Бадахшон сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, дар 12 моҳи соли сипаришуда дар Бадахшон 41 нафар ғарқ шудаанд: “Дар вилоятҳои Хатлон 36, Суғд 35, водии Рашт 12, ноҳияи Ҳисор 12 ва шаҳри Душанбе 21 кас бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҷони худро аз даст додаанд”.