Салимбойро нагузоштанд, ки масҷид созад
Ба "чеҳраи ҷиноии" Узбакистон Салимбой Абдувалиев иҷозат надоданд, ки масҷиди "Ҷӯрабек"-ро бозсозӣ кунад.
Дар бораи бозсозии масҷиди "Ҷӯрабек"-и шаҳри Тошканд, ки баҳори соли гузашта сӯхта буд, сомонаи хабарии uzmetronom.com иттилоъ дод. Масҷидро соҳибкор ва ҳаводори илму адаби узбак Салимбой Абдувалиев мехост аз ҷайби худаш бозсозӣ кунад. "Тибқи тарҳи нав, масҷид аз бинои қаблиаш бузургтар ва тақрибан мисли масҷиди "Манор", ки сохтмонашро президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов бар дӯш дошт, хоҳад шуд", - навиштааст сомонаи uzmetronom.com. Барои амалӣ кардани тарҳи сохтмони масҷид Абдувалиев се манзили ҳамшафати масҷидро бо қиммати 150 ҳазор долларӣ харидорӣ кардааст.
Баъди нашри ин хабар дар сомона, маълум шудааст, ки корҳои сохтмонӣ ҳанӯз оғоз наёфтаанд ва зербинои масҷид ба хок яксон шудааст. Салимбой Абдувалиев барои дарёфти иҷозаи сохтмон се маротиба ба ҳукумат муроҷиат кардааст. Аммо то кунун посухи мусбат нагирифтааст.
Кумитаи кор бо дини назди девони вазирони Узбакистон хабар медиҳад, масҷид дар моҳҳои оянда бозсозӣ хоҳад шуд, аммо кумита дақиқ нагуфтааст, ки ин масҷид аз кадом ҳисоб бозсозӣ мешавад.