Freedom House Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои “ноозод” ворид кард
Freedom House, созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ дар гузориши солонааш оид ба вазъи озодӣ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои “ноозод” мақом додааст.
Ин созмон вазъи риояи озодиҳои мардумро дар Тоҷикистон 6,5 балл, аз рӯи ҷадвали 7-баллиаш баҳо додааст. Freedom House ба интихоботи ахири парлумонӣ дар Тоҷикистон ишора карда навиштааст, баъди он ки ҳукумат тавонист дасти ҳизби наҳзати исломиро аз парлумон кутоҳ созад, “саркӯби ин ҳизбро афзоиш дода, раҳбаронашро боздошт карданд”.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон кишвари “қисман озод” муаррифӣ шудаасту халос. Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон ҳам “ноозод” баҳогузорӣ шудаанд.
Гузориши Freedom House вазъи 195 кишвари дунёро фаро гирифта, гузоришгарон 86 кишварро аз нигоҳи риояи ҳуқуқу озодиҳои мардум озод, 50 кишварро қисман озод ва 50 давлатро "ноозод" гуфтаанд.