(ВИДЕО) Бозхонии “Санам”-и Суҳроби Сафарзод аз сӯи овозхони афғон
Наваб Наҷмӣ, як овозхони афғон таронаи “Санам”-и Суҳроби Сафарзод, хонандаи тоҷикро, ки чанд сол қабл даргузашт, бозхонӣ кардааст.
“Санам” аз охирин корҳои Суҳроби Сафарзод буд, ки танҳо баъди маргаш вориди бозор шуд. Олим Ширинов, коргардони овоз баъди марги сароянда ба хабарнигорон гуфта буд, Суҳроб 9 декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод карда, ки онро фардо сабт кунанд, вале Суҳроб зиёд исрор мекунад, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Ин сурудро Суҳроб бо шогирдаш -- Сорбон хондааст.
Наваб яке аз барандаҳои озмуни "Ситораи афғон" аст, ки аз сӯи телевизиони "Тулӯъ"-и Афғонистон таҳия мегардад. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки аз хонандаи афғон дида, Суҳроби Сафарзод таронаи мазкурро хубтар иҷро кардааст.
Наваб Наҷмӣ
Суҳроби Сафарзод ва Сорбон
Суҳроби Сафарзод 10 декабари соли 2010 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Бахтиёр Алиев, як масъули шӯъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъадор моҳи июли соли 2011 дар нишасти хабарие сабаби марги ӯро истеъмоли “амфитамин” гуфта буд. Суҳроб аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. "Нозанин", "Азизи диламӣ", "Ишқи ман", "Панҷара" аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд. Суҳроб бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) таронаҳои муштарак иҷро кардааст.