Дастури Убайдуллоев: Табдили ҷойҳои ҷамъиятӣ ба милисахона, варзишгоҳ ва дарсхонаю корхона
Ашурбек Расулов, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, бисёри маводҳо барои давлатӣ кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон феълан дар дасти судҳо қарор доранд.
Расулов, имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки аз 214 ҷои ҷамъиятӣ дар пойтахт 148 ададашон ғайриқонунӣ буданд. Ӯ илова намуд, ки то ҳол 34 адад бинои ҷойҳи ҷамъиятӣ ба идораи нозирони минтақавии милиса, амният ва сӯхторхомӯшкунӣ мубаддал шуда, маводи боқимонда дар баррасии судҳо мебошад. Муовини якуми раиси Душанбе афзуд, дар назар аст, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ ба майдонҳои варзишӣ, коргоҳҳо ва дигар муассисаҳои шаҳрӣ табдил дода шаванд.
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур дода буд, биноҳои ҷойҳои ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, ки аксаран чун ҷойи намозгузорӣ истифода мешуданд, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ истифода гарданд. Тибқи дастури Убайдуллоев бинои ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки аксаран ғайримақсаднок истифода мешаванд, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳангию фароғатӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор бурда шаванд.
Убайдуллоев супориш дода буд, ки биноҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ тариқи муроҷиат ба суд ба моликияти давлат ворид гарданду бо риояи талаботи сохтмонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор таъмиру таҷдид ва мавриди истифодаи мақсаднок қарор дода шаванд.