Ҳакимов: 78 000 мошин дар Душанбе аз меъёр зиёданд
Низом Ҳакимов, муовини раиси шаҳри Душанбе омили асосии танбашавии нақлиёт дар пойтахтро теъдоди аз ҳад зиёди мошинҳо гуфт.
Ҳакимов имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки тибқи меъёр бояд дар Душанбе 37 ҳазор мошин бошад. Ба гуфтаи ӯ феълан дар Душанбе зиёда аз 65 ҳазор мошин мавҷуданд ва бар замми ин ҳамарӯза аз навоҳии дигари кишвар ҳудуди 50 ҳазор мошин ворид мешаванд.
Ноиби раиси шаҳри Душанбе, ки дар гузашта вазири нақлиёти Тоҷикистон буд, илова намуд, ки барои рафъи мушкили танбашавии нақлиёт дар Душанбе консепсияи сохтмони роҳ то соли 2020 қабул мешавад.
Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ҳалли мушкили танбашавии нақлиёт, пешниҳод кард, ки дарсҳо дар муассисаҳои таълимии олии пойтахт аз соати 7:30 дақиқа оғоз шаванд ва вазорати маориф низ онро қабул кард.