Тағйироти кадрӣ: Вазифаҳои нави Озода Раҳмон, Эркинхон Раҳматуло ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 январ як қатор тағйироти кадриро амалӣ кардааст.
Раҳмон Озода Эмомалӣ аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ озод ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Худоёрзода Бахтиёр Таварро иваз намуд, ки номзадиаш барои тасдиқ ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи ин тағйиротҳо Марҳабо Ҷабборӣ бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон озод гардида, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси олӣ таъин гардидааст.
Эркинхон Раҳматулло, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, ба ҷои Солиев Рустамҷон Абдуллоевич сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ таъин шудааст.
Манбаъ меафзояд, Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд. Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон таъин гардид.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шуд. Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд. Вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба ихтиёри Раҷабзода Маҳмадулло гузошта шуд.
Ҳамчунин, Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёт, Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” таъин гардида, Халиков Рустам Исупович аз вазифаҳои директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” озод карда шуд.
Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаи роҳбарӣ содиқона адои вазифа намудаанд, арзи сипос карда, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан ҳидоят намуд.