Ду бозии санҷишии мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Узбакистон
Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо мунтахби футзали Узбакистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ин бозиҳо имрӯзу фардо 27 ва 28 январ дар пойтахти Узбакистон шаҳри Тошканд баргузор мегарданд. Ба иттилои манбаъ, бозии рафиқона бо Узбакистон як зинаи омодагӣ барои мунтахаби мо ба мусобиқоти Осиё-2016 мебошад.
Мусобиқоти Осиё-2016 аз 10 то 21 январ дар Тошканд баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот шомили гуруҳи “С” буда, бо тимҳои Тайланд (11 феврал), Ветнам (13 феврал) ва бо Тайбеи Чин (15 феврал) рақобат мекунад.
Панҷ тими беҳтарини ин мусобиқот барои иштирок дар даври финалии мусобиқоти Ҷаҳон-2016 оид ба футзал, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мегардад, роҳхат хоҳанд гирифт.